Книга - брошюра на таджикском языке "Фиқҳи Акбар", аз Имоми Абуҳанифа
Артикул: 23453
Имоми Абуҳанифа
Имоми Абуҳанифа (Имоми Аъзам) (раҳимаҳуллоҳ), ки номи аслиашон Нуъмон ибни Собит аст. Аҷдодонашон дар асл форснажод буда ба қавле онҳо аз мардумони Кобул будаанд. Дар соли 699 милодӣ (80 ҳиҷрӣ) дар шаҳри Куфа таваллуд шудаанд ва дар соли 767 милодӣ (150 ҳиҷрӣ) дар Бағдод вафот кардаанд. Имоми Абуҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) асосгузори мазҳаби Ҳанафӣ мебошад, ки яке аз чаҳор мазҳаби асосии фиқҳии ислом аст.
Он ҳазрат дар замони худ бо дониш ва фаҳмиши амиқи дини ислом шинохта шуда, дар таълим ва тарбияи шогирдони худ хеле меҳнат кардаанд. Мазҳаби Ҳанафӣ имрӯз дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Туркия, Осиёи Марказӣ, Покистон, Ҳинд ва Русия шӯҳрат дорад. Имоми Абуҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) на танҳо фақеҳ, балки инсони нексиришт ва адолатпеша низ буданд.
Маълумот дар бораи китоб:
"Фиқҳи Акбар" китоби маъруфи Имоми Абуҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) мебошад, ки мавзӯҳои он дар бораи ақидаи исломӣ мебошанд. Ин китоб яке аз аввалин китобҳо аз фанни ақидаи исломӣ аст.
Китоб бо забони содда ва фаҳмо навишта шудааст, ки барои хонандагон ософаҳм аст. Ин китоб ҳамчун манбаъе барои фаҳмидани мазҳаби Ҳанафӣ ва усулҳои он хизмат мекунад.
Маъруфият:
Китоби "Фиқҳи Акбар" дар миёни донишмандон шӯҳрат дорад. Он дар таълимоти масоили ақидавӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз дар мактабҳои динии гуногун омӯзиш дода мешавад.
Имам Абуханифа
«Фикхи Акбар» — известная книга имама Абу Ханифы (да помилует его Аллах), темы которой посвящены исламскому вероучению. Эта книга является одной из первых книг исламской науки.
Книга «Фикхи Акбар» известна среди ученых. Религиозные вопросы играют важную роль в десятидневном образовании, и сегодня в десятидневных школах преподаются различные религиоведения.
270 руб