Книга на таджикском языке "Таҷвиди навин", изд. Манара
Артикул: 23271
Роҳнамои нав барои омӯзиши таҷвид
Китоби "Таҷвиди навин" аз ҷониби Илҳомҷон Наврузов, барои омӯхтани қоидаҳои дурусти тиловати Қуръони карим таҳия шудааст. Ин китоб бо истифода аз методҳои нав ва бо забони содаю фаҳмо навишта шудааст, то ки хонандагон қоидаҳои таҷвидро ба осонӣ омӯзанд. Китоб дорои бахшҳои гуногун, аз ҷумла одоби тиловат, лаҳн ва намудҳои он, махраҷи ҳарфҳо, сифоти ҳуруф, аҳкоми "нуни сокин" ва "танвин", аҳкоми мад ва вақф мебошад. Ин қоидаҳо дар асоси қироати Ҳафс таҳия шудаанд. Муаллиф тавсия медиҳад, ки китобро таҳти назорати устод бихонед, зеро таҷвид илми назарӣ ва амалӣ мебошад.
Китоби мазкур дастури таълимӣ барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки мехоҳанд дуруст хондани Қуръони каримро омӯзанд ва ризои Парвардигори худро дарёбанд. Бо такя ба раҳмати Аллоҳ таъоло, умедворем, ки ин китоб ба ҳар як хонандаи он муфид хоҳад буд. Ин китоб роҳнамои комил барои ҳар мусалмонест, ки мехоҳад Қуръони аримро дуруст ва бо тартил хонда амри Аллоҳ таъолоро ба ҷой орад. Чуноне, ки У таъоло мефармояд: "Ва Қуръонро бо тартил бихонед"
660 руб